Ҷоми Тоҷикистон -2016: Рақибон муайян шуданд

Май 17, 2016 16:45

Душанбе, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои ФФТ расми қуръакашии марҳалаи муқаддамотии бозиҳо барои Ҷоми Тоҷикистон-2016  баргузор гардид.  Дар натиҷа шаш ҷуфти дастаҳои ширкаткунанда муайян шуданд.

Ба ҳамин тартиб «Канд»-и Конибодом бо «Исфара», «Помир» бо «Кӯктош», «Саройкамар» бо «Ҳулбук», «Коммуна» бо «Парвин», «Панҷшер» бо «Чашма» ва «Ваҳдат» бо «Локомотив» дар даври аввал бо ҳам рақобат мекунанд. Дар марҳалаи дуввуми интихобӣ ғолиби ҷуфти  «Помир» бо «Кӯктош» барои ба даври дигар гузаштан бо дастаи «Сомон»-и Данғара қувва меозмоянд.

Бозиҳои рафти  ин марҳала 24 ва 25 май ва баргашти он 31 май ва 1 июн муқаррар шудаанд.

Шаш дастаи ғолиб дар вохӯриҳои 1/8- ниҳоӣ бо дастаҳои Лигаи олӣ  баъди қуръакашии навбатӣ ба мусобиқа ҳамроҳ мешаванд.

Тақвими бозиҳо чунин шакл гирифтааст:

24 май (сешанбе)

Оғози бозӣ соати  17:30

«Канд» (Конибодом) – «Исфара» (Исфара)

«Помир» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ)

25 май (чоршанбе)

Оғози бозӣ  соати  17:30

«Саройкамар» (Панҷ) – «Ҳулбук» (Восеъ)

«Коммуна» (Фархор) – «Парвин» (Бохтар)

«Панҷшер» (Балхӣ) – «Чашма» (Шаҳритуз)

«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Локомотив» (Душанбе)

Бозиҳои ҷавобӣ

31 май (сешанбе)

Оғози бозӣ соати  17:00

«Исфара» (Исфара) – «Канд» (Конибодом)

«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Помир» (Душанбе)

1 июн (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати  17:00

«Ҳулбук» (Восеъ) – «Саройкамар» (Панҷ)

«Парвин» (Бохтар) – «Коммуна» (Фархор)

«Чашма» (Шаҳритуз) – «Панҷшер» (Балхӣ)

«Локомотив» (Душанбе) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)

Май 17, 2016 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд