Раъйпурсӣ: Овози мо барои ояндаи осоиштаи фарзандонамон аст

Май 22, 2016 12:32

Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 май аз 6-и  субҳ  дар сарораси кишварамон маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо  ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз ёфт.
Участкаи раъйпурсии №25 ноҳияи Сино, ки дар бинои ШСХК «Барқи тоҷик» ҷой гирифтааст, аз субҳ дарҳои худро ба овоздиҳандагон боз кардааст. Бино ба маълумоти котиби комиссияи участкаи раъйпурсии № 25  Саида Қурбонова, то соати 10 аллакай   31 фоизи овоздиҳандагон  ба участка омада, овоз додаанд.
«Умуман дар участкаи мо 1855 овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст.  Аз  ин шумора шахсони  синнашон ба  18 расида ва  бори аввал дар раъйпурсӣ иштирок мекарда 21 нафар, пиронсолони аз 80 боло 36 нафар, русзабононе, ки фақат бо забони русӣ бюллетенҳоро пур мекунанд, 109 нафар мебошанд. 20 нафар  маъюбоне, ки ба участка омада наметавонанд, имкони дар хона овоз доданро доранд. Мо  пас аз нисфирӯзӣ ба хонаҳояшон қуттиҳои сайёрро бурда, овози онҳоро мегирем»,-илова намуд С.Қурбонова.
Тавре ки котиби комиссияи участкаи раъйпурсии № 25  маълумот дод, 12 нафар  сокинони 18 сола то соати 10 аллакай омада, овози худро додаанд.  «Мо нафарони 18-соларо табрик намуда, ба ҳар яки онҳо гулдаста тақдим намудем. То ин дам ба участка ҳамагӣ 9 нафар шахсони аз  80- сола боло омаданд»,-илова намуд С Қурбонова.
Парвина Аминова, яке аз овоздиҳандагони ин участка бо шавҳар ва се фарзанди хурдсолаш барои овоздиҳӣ  омада буд.
«Мақсади мо аз овардани фарзандонамон он аст, ки мехоҳем онҳо аз хурдӣ масъулияти худро дар назди ватану миллат эҳсос  намоянд ва дарк кунанд, ки падару модарашон барои ояндаи онҳо бетараф набуда, дар чорабинии муҳими сиёсӣ овоз додаанд. Ин овози мо барои  дар кишвари ободу озод таҳсил ва зиндагӣ кардани фарзандонамон мебошад»,-гуфт П.Аминова.
Бояд гуфт, ки дар участкаи раъйпурсии №25 ноҳияи Сино  хуҷраи махсус барои модару кӯдак  омада шудааст, ки волидон метавонанд дар он ҷо фарзандонашро гузошта, бе ягон мамониат овоз диҳанд.
Инчунин дар ин участка бунгоҳи тиббӣ низ фаъол аст.

Май 22, 2016 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид