Ш.Зуҳуров: Ба шахсони пушти ҳодисаи Хован қарордошта, мувофиқи амалашон ҷазо дода шавад

Май 20, 2016 14:14

Душанбе, 20.05.2016/АМИТ Ховар/. Масъалаи муҳоҷирати  меҳнатӣ ва  фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони кории тоҷик  яе аз мавзуоти меҳварии мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сергей Наришкин -раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия буд, ки дар Санкт — Петербург сурат гирифт. Дар ин росто Ш.Зуҳуров аз ҳамтои русаш тақозо намуд,  ки  дар ҳалли мунсифонаи қазияи нангини дар оромгоҳи Хован ба вуқӯъомада мусоидат намуда, ба ҷинояткорону шахсони пушти ин  ҳодиса қарордошта мувофиқи амалашон ҷазо дода шавад.
Ш.Зуҳуров таъкид кард, ки фаъолияти муғризонаи чунин гурӯҳҳо наметавонад рӯи сатрҳои муносиботи неку анъанавии  Тоҷикистону Русия хатти сурх кашад. Муносиботи неки мардумони ду кишвар решаи таърихӣ дошта, бобоёну падарони  мо дар канори ҳам тавонистанд, ки ба қавитарин рақиби худ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ пирӯз шаванд. Бояд мо таҷрибаи гузаштагони худро истифода намуда,  нагузорем, ки гурӯҳҳои иғвогар ба муносиботи дӯстонаи мо халал ворид намоянд.
Дар мулоқот ҳамзамон масоили таҳкими ҳамкории парлумонӣ байни ду кишвар матраҳ гардид.

Май 20, 2016 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд