Тоҷикистон ба гурӯҳи «В» -и бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё шомил шуд
Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар бошгоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия қуръакашии бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни духтарони то 19 сола гузаронида шуд. Дар натиҷа дастаи мунтахаби кишварамон якҷоя бо дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Тайбэйи Чин, Гонконг ва Покистон ба гурӯҳи «В» дохил шуд.
Бозиҳои гурӯҳи «В» аз 29 октябр то 6 ноябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Қуръакашӣ ҳамчунин дигар дастаҳоро ба таври зайл муайян кард:
Гурӯҳи «А»: Австралия, Урдун, Лубнон, Сингапур, ҷазираҳои Марианаи шимолӣ.
Гурӯҳи «С» : Тайланд (мизбон), Мянма, Фаластин, Қирғизистон.
Гурӯҳи «Д»: Эрон, Ветнам (мизбон), Ҳиндустон, Филиппин.
Аз 18 дастаи иштирокдори 4 гурӯҳ танҳо ғолибон ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё, ки аллакай дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Япония ва Чин ҳамчун беҳтарин дастаҳои Чемпионати қаблӣ ба он роҳхат гирифтаанд, ҳамроҳ мешаванд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






