Занону духтарони Бадахшон ҳунари адрасу атласбофӣ меомӯзанд
Хоруғ, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Баъди эҳёи ҳунару фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи ҳунармандон низ ба тарзи таҳия ва бофтану дӯхтани либосу палос, чакану сӯзаниҳо, кандакории рӯи чӯбу санг ва амсоли инҳо дар миёни ҷавонон рӯ ба афзоиш ниҳод. Инро ба назар гирифта, бахши вилоятии Маркази таълими калонсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи курсҳои омӯзиширо зиёд ва теъдоди шунавандандагонашро бештар кард.
Ба гуфтаи муовини сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ Наврӯзшоҳ Ҳилолов ин ҳафта 80 нафар аз ҳунарҷӯён давраҳои омӯзишии семоҳаро хатм намуданд ва дар ҳузури директори Муассисаи давлатии Маркази таълимии калонсолони ҷумҳурӣ Шукрулло Саломов ба онҳо шаҳодатномаи тахассусӣ тақдим карда шуд.
Соли равон як гурӯҳ устодҳои суғдӣ ба вилоят сафар намуданд ва чанд дона дастгоҳҳои қолину адрасбофиро ба марказ туҳфа намуданд. Ҳоло як моҳ мешавад, ки 40 нафар аз духтарони бекор ба омӯзиши ҳунарҳои қадимии мардуми тоҷик машғул мебошанд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






