Аҳли маориф Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд

Июнь 27, 2016 12:30

Душанбе, 27.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 19-умин солгарди таҷлили Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид.
Муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев иброз дошт, ки дар сарзамини сулҳхоҳу фарҳангпарвари Тоҷикистон аз имзо шудани Созишномаи умумии барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав сурат гирифт, нуздаҳ сол пур мешавад. Имрӯз мо бо итминони комил метавонем бигӯем, ки он ҳадаф ва ҷавҳари ғояи умумимиллӣ, ки ҳукумат ва ҷомеаи ҷумҳурӣ дар ин самт муайян карда буданд, яъне ваҳдати миллии тамоми тоҷикон аз як тараф ва ягонагию иттиҳоди ҳамаи ҳамватанони мо новобаста аз мансубияти миллӣ, нажодӣ ва мазҳабияшон аз ҷониби дигар, имрӯз нахустин самараҳои худро ба бор оварданд,- иброз дошт дар идома Р.Мирбобоев.
Сардори раёсати илм ва инноватсияи вазорат Хуршед Зиёев зикр намуд, ки масъалаи ваҳдати миллӣ барои кишвари ҷавони мо хеле пурарзиш аст, зеро агарчи мо дар роҳи таъмини сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон дар ду даҳсолаи охир корҳои муҳиммеро ба анҷом расонидаем ва ин таҷрибаи мо ҳоло мавриди омӯзишу истифодаи оламиён қарор дорад, вале моро татбиқи чорабиниҳои зиёди дигар дар пеш аст. Дар иҷрои ин кори хайр, ки бешубҳа, аз тарафи наслҳои оянда қадрдонӣ карда хоҳад шуд, бояд ҳар як фарди тоҷик ва тоҷикистонӣ ҳиссагузор бошад. Танҳо дар сурати иҷрои чунин рисолати таърихӣ мо метавонем худро ҳамчун абармардони ҳамсони Мавлоно ифтихори миллат ва Ватан шуморем,-илова намуд Х.Зиёев.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар дигар муассисаи тобеи Вазорати маориф ва илм низ бо тантана таҷлил карда шуд.

Июнь 27, 2016 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд