Ҳаким Фузайлов, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон: «Бангладеш ҳарифи сазовор аст»

Июнь 2, 2016 10:32

Душанбе, 02.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.Пеш аз бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш, ки имрӯз соати 20 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мегардад, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар нишасти матбуотӣ изҳор кард, ки бозӣ бо дастаи мунтахаби Бангладеш осон нест, вале футболбозони Тоҷикистон омодаанд ҳама имкониятро истифода баранд, то ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё- 2017 роҳхатро ба даст оранд.  Капитани тими мунтахаби мамлакат Нуриддин Давронов низ дар тақвияти гуфтаҳои сармураббӣ омода будани бозингарон ба ин сабқати ниҳоят муҳимро иброз карда, гуфт: «Мо бояд аз он иштибоҳе, ки дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон- 2018 бо дастаи мунтахаби Бангладеш дар сафар роҳ дода будем(1:1), хулоса кунем ва 100 фоиз бозиро ба нафъи худ анҷом диҳем».
Сармураббии ҳолландии дастаи мунтахаби Бангладеш Людовик де Кройф, ки ба наздикӣ дар ин мақом Фабио Лопесро иваз кард, изҳор дошт, ки: «футбол дар Бангладеш намуди варзиши рақами аввал нест, аммо барои обрӯю нуфуз ва ривоҷи футбол дар ин кишвар мо бояд натиҷаи арзанда нишон диҳем».
Капитани тими мунтахаби Бангладеш Мамунул Ислом бохти соли гузаштаи дастаашонро (5:0) аз ҳавои боронӣ маънидод карда, иттилоъ дод, ки имрӯз дар варзишгоҳ ҳавои хуб дар назар аст ва онҳо ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон муқобилияти сахт нишон хоҳанд дод.
Ёдовар мешавем,ки то имрӯз дастаҳои миллии Тоҷикистон ва Бангладеш бо ҳам 8 вохӯрӣ барпо кардаанд, ки дар панҷ бозӣ Тоҷикистон ва дар 1 вохӯрӣ Бангладеш ба ғалаба комёб шудаанд. Ду бозии дигар мусовӣ ҷамъбаст шудаанд.

Июнь 2, 2016 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд