Ғалабаи тими Олмон бар Словакия
Душанбе, 28.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Олмон бори дигар исбот намуд, ки дар Ҷоми Аврупои кунунӣ довталаби асосист. Ҳарифи чемпионҳои ҷаҳон дар марҳилаи 1/8-ниҳоии Чемпионати Аврупо тими мунтахаби футболи Славакия ба ҳисоб мерафт ва олмониҳо бе ягон мушкилӣ кори худро дар муқобили ин рақибашон ҳалл намуданд. Муҳофизатгари тими мунтахаби Олмон Жером Боатенг бо зарбаи аз масофаи дур задааш дар дақиқаи 8-уми дидор ҳисобро кушод. Баъдан Мисут Озил дар дақиаи 13-ум зарбаи 11- метараро анҷом дод, аммо дарвозабони ҳариф Матуш Козачик дарвозаашро аз ин гол наҷот дод.
Дар қисми аввали бозӣ ҳамлагари тими мунтахаби Олмон Марио Гомес голи дуюми дастаашро ба самар расонид. Дар дақиқаи 63-юми вохӯрӣ Юлиан Дракслер маротибаи сеюм дарвозабони дастаи мунтахаби Славакияро маҷбур намуд, ки тӯбро аз дохили дарвозааш берун биёрад. Билохира футболбозони олмонӣ баъди ин музаффарият ба даври навбатӣ роҳ ёфтанду рақиби ояндаашонро интизоранд.








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






