Аввалин Бунёди иттилоот ва манобеи СММ дар ҶТ ифтитоҳ гардид
Душанбе, 14.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе 13 июн аввалин Бунёди иттилоот ва манобеи СММ дар ҶТ бо иштироки вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёвари Дабири Кулли СММ ифтитоҳ гардид.
Бунёди иттилоот ва манобеи СММ, як маркази камназир дар қаламрави соири кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) буда, дар Донишгоҳи (славянии) Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо китобхонаи дорои 6000 китобу дастур ба забонҳои асосии СММ ва дастёбӣ ба ҳама манобеи рақамии кулли бахшҳои СММ ба кор оғоз намуд.
Тавре ки ёвари Дабири кулли СММ, ёвари мудир ва директори минтақаи Аврупои Шарқӣ ва кишварҳои ИДМ-и Барномаи Рушди СММ Ҷиҳон Султоноғлу гуфт, ин бунёди ноб метавонад барои ҳама аҳолии кишвар, бахусус барои мактаббачагон, донишҷӯён, рӯзноманигорон, коршиносон ва олимоне, ки барояшон кори СММ ҷолиб аст, маркази пурманфиат гардад.













Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






