Ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боғҳои замонавии фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд мегарданд

Июнь 8, 2016 12:05

Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 24 феврали соли 2016   ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25 — солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ» -ро эълон намуд.
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  Нуралӣ Мирзоалиев, сармутахассиси  Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг  иттилоъ дод, ки баъди ба тасвиб расидани қарори ҳайати мушовараи вазорат  ба унвони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ» мактуб ирсол гардида буд  ва мусобиқаи мазкур  аз моҳи апрели соли равон оғоз ёфта,  то моҳи августи соли равон идома ёфта,  дар арафаи таҷлили Рӯзи  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъбаст мегардад.
-Мақсад аз баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ -фароғатӣ» омӯзишу  такмили фаъолияти боғҳои фарҳангию  фароғатӣ, баланд бардоштани нақши онҳо дар тарбияи маънавию ахлоқии шаҳрвандон, ба макони ҳақиқии истироҳатии сокинони ҷумҳурӣ табдил додани онҳо ва ба ин васила рангину  ғанӣ гардонидани фароғати мардум дар шароити нави иҷтимоии фарҳангӣ мебошад,- зикр намуд Н. Мирзоалиев.
-Боғҳои фарҳанг ва фароғатие, ки дар  ҷамъбасти мусобиқа ба натиҷаҳои беҳтарин ноил мегарданд, аз ҷониби Вазорати фарҳанг бо ифтихорнома ва нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва туҳфаҳои молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сарфароз гардонида мешаванд,-афзуд Н. Мирзоалиев.
Хотиррасон менамоем, ки дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ 48 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд 13 адад, дар вилояти Хатлон 19 адад, дар ВМКБ 1 адад, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15 адад боғҳо фаъолият менамоянд. Дар ноҳияи Истаравшан як боғи  хусусии фарҳангию фароғатӣ  ба мардум хизмат мерасонад.
Барои бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Дӯстӣ, Носири Хусрав, Мӯъминобод, Хуросон, Ховалинг, Ишкошим, Роштқалъа, Ванҷ, Шуғнон қитъаҳои замин ҷудо карда шудаанд.
Мутаассифона, на дар ҳамаи  боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   барои истироҳати шаҳрвандон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда буданд ва   мушкилоти асосӣ дар фаъолияти онҳо корношоям гардидани аттраксионҳо, чархофалаку арғунчакҳо, мавҷуд набудани биноҳои маъмурӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ мебошанд.
Боварӣ дорем, ки  баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ -фароғатӣ» дар ҳалли мушкилоти мавҷуда кумак расонида, барои бунёди боғҳои  фарҳангӣ-фароғатии ба талаботи замон ҷавобгӯ мусоидат хоҳад кард.

Июнь 8, 2016 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд