Баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ дар Хуҷанд
Душанбе, 7.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду инкишофи санъати миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳандозӣ шудаанд.
Ҳафтаи гузашта дар рӯзҳои истироҳатӣ дар Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Ашту Мастчоҳ баргузор шуданд. Ҳунармандони ин ду ноҳия барномаҳои фарҳангии худро пешниҳоди сокинони шаҳри Хуҷанд гардониданд.
Боиси зикр аст, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Хуҷанд озмуни ҳунарнамоии беҳтарин доир шуда, ғолиби ҷои аввал бо 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






