Бозиҳои даври аввал дар гурӯҳҳои Чемпионати Аврупо-2016 ба анҷом расиданд

Июнь 15, 2016 11:50

Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз бо ду бозии гурӯҳи «F» бо ширкати дастаҳои мунтахаби Австрия — Маҷористон ва Португалия-Исландия даври аввали бозиҳо дар гурӯҳҳои Чемпионати Аврупо- 2016 ба анҷом расиданд. Дастаи мунтахаби Маҷористон бар Австрия бо натиҷаи 2:0 ғолиб омад. Голҳо дар нимаи дуввуми вохӯрӣ аз ҷониби Салаи(62) ва Штибер(87)ба ҳадаф расиданд.
Вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Португалия ва Исландия бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Нани дар дақиқаи 31 ва Бярнасон дар дақиқаи 51 муаллифи голҳо гардиданд.
Тибқи тақвими бозиҳо имрӯз дастаи мунтахаби Русия бо Словакия (18:00), Руминия бо Швейтсария (21:00) ва Фаронса бо Албания (24:00) дар бозиҳои даври дуюм вориди майдон мешаванд.

Июнь 15, 2016 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад