Бозии ҷавобии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш 7 июн дар шаҳри Дакка мегузарад
Душанбе, 06.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои доир кардани вохӯрии ҷавобии интихобии плей-оффи Ҷоми Осиё- 2019 ба кишвари Бангладеш ҳозир шуд. Сармураббии даста Ҳаким Фузайлов бо худ 20 нафар бозингаронро ба ин ҷо овард. Дар рӯзи аввал футболбозони мо тамринҳои худро дар варзишгоҳи коллеҷи шаҳри Дакка ба сомон расониданд. Дар ҳайати дастаи миллипӯшони мо муҳофизатгари тими миллӣ ДавронЭргашев, муаллифи голи чорум дар бозии аввали байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш дар шаҳри Душанбе ҳузур надорад. Ба ҳайати даста инҳо шомил шудаанд:
Дарвозабонҳо: Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Абдуазиз Маҳкамов («Алай», Қирғизистон);
Муҳофизатгарон: Эраҷ Раҷабов («Хайр»), Далерҷон Тӯхтасунов («Ҳосилот»), Табрези Давлатмир («Барқчӣ»), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (ҳарду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»);
Ниммуҳофизатгарон: Умедҷон Шарифов («Вахш»), Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳарду аз «Барқчӣ»), Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарифов, Нуриддин Давронов (ҳама аз «Истиқлол»);
Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Беларус), Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳарду аз «Истиқлол»), Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»).
Ёдрас мешавем, ки дар бозии аввали ин дастаҳо миллипӯшони кишварамон бо натиҷаи 5:0 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тими мунтахаби Бангладешро шикаст дода буданд.








«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст






