Дастаи «Помир»-и Душанбе муборизаро барои Ҷоми Тоҷикистон идома медиҳад

Июнь 15, 2016 10:44

Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Охирин иштирокдори бозиҳои 1/8- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд. Дастаи «Помир»-и Душанбе дар вохӯрии ҷавобӣ бо тими «Сомон»-и ноҳияи Данғара вохӯрда, бозиашро бо ҳисоби 2:2 анҷом дод ва аз натиҷаи ду вохӯрӣ ба даври минбаъда роҳхат гирифт.
Ёдрас мешавем, ки бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Душанбе бо ғалабаи шогирдони Зайниддин Раҳимов бо натиҷаи 3:2 ҷамъбаст шуда буд ва акнун дар қуръакашие, ки имрӯз дар бошгоҳи ФФТ баргузор мегардад, «Помир» ба қатори 10 дастаи Лигаи олӣ-«Истиқлол», «Ҳосилот», КМВА «Помир», «Вахш», «Барқчӣ», «Хуҷанд», «Хайр», «Регар-ТадАЗ», «Парвоз», «Равшан» ва ғолибони вохӯриҳои қаблии дастаҳои Лигаи якум  «Саройкамар», «Панҷшер», «Канд», «Бохтар» ва «Ваҳдат» шомил шуд.

Июнь 15, 2016 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд