Дифоъ аз нисбат додани арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ
Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Зуҳуроти нисбат додани арзишҳои миллӣ-адабӣ, илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, аз ҷумла меъморӣ ва мусиқии мо тоҷикон ва гузаштагонамон ба қавму халқҳо ва кишварҳои дигар дар рӯзҳои мо оғоз нашудаанд. Ин ҳодисаи номатлуб пешинаи дерина дорад»,- чунин гуфт профессор Абдунабӣ Сатторзода зимни баҳси илмӣ, ки имрӯз дар мавзӯи «Меъёрҳои интисоби (атрибутсия)-и арзишҳои миллӣ -адабӣ, илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои кишвар доир гардид.
Дар мубоҳисаи илмӣ донишмандони шинохтаи тоҷик доир ба омилҳо ва паҳлуҳои мухталифи нисбат додани арзишҳои адабӣ, илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморию мусиқии тоҷикон ба халқу миллатҳо ва кишварҳои дигар андешаҳои ҷолиб баён карданд. Зикр шуд, ки интисоби арзишҳои миллӣ дар замони шӯравӣ зимни тақсимоти худудҳои миллӣ дар солҳои 20 ва 30 қарни гузашта оғоз гардида, дар натиҷа бисёре аз арзишҳои бузургу нодири миллии тоҷикон дар ҳудудҳои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ монданд. Дар солҳои фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, аниқтараш солҳои 90-уми асри гузашта ва соҳибистиқлол гардидани кишварҳои шӯравӣ, инунин дар шароити феълии ҷомеаи муосир раванди нисбат додани арзишҳои миллии мо аз ҷониби дигар миллату кишварҳо торафт авҷ гирифтааст. Ҳодисаи номатлуби интисоби арзишҳои миллӣ сабабҳои зиёд дорад. Яке аз омилҳои асосии он, то ба ҳол меъёрҳои усулӣ ва илмии интисоби арзишҳои миллӣ ба ин ё он миллат ва кишвар муайян нашудааст ва умумӣ нагардидаанд. Инчунин риояи меъёрҳои интисоби арзишҳои миллиро кишварҳо ва миллатҳо зарур намешуморанд ва ё огоҳона ё ноогоҳона, донистаю надониста аз риояташ сарфи назар мекунанд. Таъкид гардид, ки яке аз онҳо меъёри ҳудудию маъмурии сиёсӣ мебошад, ки ғайриилмӣ аст. Ҳудудҳои ҷуғрофиёи сиёсии имрӯза ба ҳудудҳои воқеии таърихӣ, хусусан дар ҳудудҳое, ки то ба имрӯз дар он қавму миллатҳо зиндагӣ мекунанд, мувофиқат намекунад.
Донишмандони тоҷик зимни баҳси доманадор атрофи мавзӯи «Меъёрҳои интисоби (атрибутсия)и арзишҳои миллӣ -адабӣ, илмӣ, таърихӣ» таъкид карданд, ки бояд ба баҳсу амалҳои ғайриилмӣ хотима бахшида, нисбат ба иштибоҳоте, ки вуҷуд доранд, бетарафиро ихтиёр накунем.
Пешниҳод гардид, ки дар ин самт бояд аз ҳисоби донишмандони тоҷик ҳайати илмӣ таъсис дода шавад, то он тавонад аз нисбат додани арзишҳои миллӣ -адабӣ, илмӣ, таърихӣ ба дигар халқу миллатҳо ва кишварҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷилавгирӣ ва ҳифзу дифоъ намояд, зеро Тоҷикистон кишвари мустақил аст.
Инчунин таҳияи Консепсияи интисоби ҳувияти миллии Осиёи Марказӣ низ ба миён гузошта шуд.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






