Дифоъ аз нисбат додани арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ

Июнь 17, 2016 15:38

Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Зуҳуроти нисбат додани арзишҳои миллӣ-адабӣ, илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, аз ҷумла  меъморӣ ва мусиқии мо тоҷикон ва гузаштагонамон  ба қавму халқҳо ва кишварҳои дигар  дар рӯзҳои мо оғоз нашудаанд. Ин ҳодисаи номатлуб  пешинаи дерина дорад»,- чунин гуфт профессор Абдунабӣ Сатторзода зимни баҳси илмӣ, ки имрӯз  дар мавзӯи «Меъёрҳои интисоби (атрибутсия)-и арзишҳои миллӣ -адабӣ, илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии  Академияи илмҳои кишвар доир гардид.
Дар мубоҳисаи илмӣ донишмандони шинохтаи тоҷик доир ба омилҳо ва паҳлуҳои мухталифи нисбат додани арзишҳои адабӣ, илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморию мусиқии тоҷикон  ба халқу миллатҳо ва кишварҳои дигар андешаҳои ҷолиб баён карданд. Зикр шуд, ки интисоби  арзишҳои миллӣ дар замони шӯравӣ зимни тақсимоти худудҳои миллӣ дар солҳои 20 ва 30 қарни гузашта оғоз гардида, дар натиҷа  бисёре аз арзишҳои бузургу нодири миллии тоҷикон дар ҳудудҳои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ монданд. Дар солҳои фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, аниқтараш солҳои 90-уми асри гузашта ва соҳибистиқлол гардидани кишварҳои шӯравӣ, инунин дар шароити феълии ҷомеаи муосир раванди  нисбат додани арзишҳои  миллии мо аз ҷониби дигар миллату кишварҳо торафт авҷ гирифтааст. Ҳодисаи номатлуби интисоби арзишҳои миллӣ сабабҳои зиёд дорад. Яке аз омилҳои асосии он, то ба ҳол меъёрҳои усулӣ ва илмии интисоби арзишҳои миллӣ ба ин ё он миллат ва кишвар муайян нашудааст ва умумӣ нагардидаанд. Инчунин риояи меъёрҳои  интисоби арзишҳои миллиро кишварҳо ва миллатҳо зарур намешуморанд ва ё огоҳона ё ноогоҳона, донистаю надониста аз риояташ сарфи назар мекунанд. Таъкид гардид, ки яке аз онҳо меъёри ҳудудию маъмурии  сиёсӣ мебошад, ки ғайриилмӣ аст. Ҳудудҳои ҷуғрофиёи сиёсии имрӯза ба ҳудудҳои воқеии таърихӣ, хусусан  дар ҳудудҳое,  ки то ба имрӯз дар он қавму миллатҳо зиндагӣ мекунанд, мувофиқат намекунад.
Донишмандони тоҷик зимни баҳси доманадор атрофи мавзӯи «Меъёрҳои интисоби (атрибутсия)и арзишҳои миллӣ -адабӣ, илмӣ, таърихӣ» таъкид карданд, ки  бояд ба баҳсу амалҳои ғайриилмӣ хотима бахшида, нисбат ба иштибоҳоте, ки  вуҷуд доранд, бетарафиро ихтиёр накунем.
Пешниҳод гардид, ки дар ин самт бояд аз ҳисоби донишмандони тоҷик ҳайати илмӣ таъсис дода шавад, то он тавонад аз нисбат додани арзишҳои миллӣ -адабӣ, илмӣ, таърихӣ ба дигар халқу миллатҳо ва кишварҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷилавгирӣ ва ҳифзу дифоъ намояд, зеро Тоҷикистон кишвари мустақил аст.
Инчунин таҳияи Консепсияи интисоби ҳувияти миллии Осиёи Марказӣ низ ба миён гузошта шуд.

Июнь 17, 2016 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд