«Хонандаи сол-2016» муайян гардид
Душанбе, 16.06.16./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қурғонтеппа озмуни «Хонандаи сол 2016», ки соли равон байни мактабҳои шаҳр гузаронида шуд, ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти раиси шаҳри Қурғонтеппа иттилоъ доданд.
Аз байни ҳамаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти шаҳр, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 Ясмин Фатҳуллоева ғолиб дониста шуд. Ҷойҳои дуюму сеюмро хонандагони литсей-интернати физикӣ-математикии «Ориёно» Иззат Ҳомидов ва литсейи тамоюли технологӣ Фархунда Шодиева сазовор гардиданд, -хабар дод манбаъ.
Озмуни мазкур бори нахуст дар байни муассисаҳои таълимии шаҳр гузаронида шуда, дар он беҳтарин хонандагони макотиби шаҳр иштирок намуда, донишу малака ва маҳорати худро дар доираи барномаҳои таълимӣ нишон доданд.
Инчунин бо ташаббуси марказ хонандагони болаёқат ба олимпиадахои фаннӣ, ки дар се давр гузаронида шуданд, ҷалб гардиданд. Дар даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки аз рӯи се намуд, фаннӣ, даставӣ ва номӣ дар Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе ва Мактаби давлатии президентӣ дар шаҳри Ҳисор гузашт, хонандагони мактабҳои шаҳр ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, сазовори 1 медали тилло, 4 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ шуданд,- гуфт манбаъ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






