Имрӯз Бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо-2016 оғоз меёбанд!
Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳи «Стад-де -Франс»-и Фаронса бо бозии байни дастаҳои мунтахаби Руминия ва соҳибони майдон-Фаронса Бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо-2016 оғоз меёбанд. Варзишгоҳ ҳанӯз соли 1998 дар шаҳраки Сен Дении Париж барои гузаронидани бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-1998 ба истифода дода, аввалин бозии байни дастаҳои мунтахаби Бразилия ва Шотландияро дар расми ифтитоҳи бозиҳои Ҷоми ҷаҳон истиқбол карда буд. Дар ин варзишгоҳ тими мунтахаби Фаронса аввалин маротиба унвони Чемпиони ҷаҳонро ба худ ихтисос дод ва дар вохӯрии ниҳоӣ дастаи мунтахаби Бразилияро бо натиҷаи 3:0 шикаст дод. Дар ҳамин варзишгоҳ соли 2010 вохӯрии ниҳоии Лигаи чемпинҳои Аврупо бо ширкати «Реал»-и Мадрид ва «Валенсия» барпо шудааст.
Ин варзишгоҳ бо ғунҷоиши 81 000 тамошобин шоҳиди бозиҳои ҷолиби зиёде гардидааст ва вохӯрии ниҳоии Чемпионати Аврупо-2016 низ дар ҳамин ҷо ҷараён хоҳад гирифт. Дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо-2016 бори аввал 24 даста дар шаш гурӯҳ ширкат меварзанд ва он ба таври зайл шакл гирифтааст:
Аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ муборизаро барои Ҷом идома медиҳанд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






