Имрӯз Тоҷикистон қабои идона дорад

Июнь 27, 2016 11:30

Душанбе, 27.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 июн фазои Тоҷикистони  офтобрӯя қабои идона ба бар дорад. Мардуми хирадманду шарафманди тоҷик  бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва умед ба фардои  дурахшони сарзамин ҷашни Ваҳдати миллиро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва дар сатҳи баланд таҷлил менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки тантанаҳои идона бахшида ба нуздаҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ шоми имрӯз  дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегарданд.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе бо иштироки меҳмонон ва аҳли ҷамоати пойтахт дар чаҳорбоғи фарҳангу фароғатӣ бошукӯҳ идома дошта, сокинони пойтахт ба сайругашти идона баромадаанд.
Мавриди зикр аст, ки 19-сол муқаддам, аниқтараш, 27 июни соли 1997 дар пойтахти Русия- шаҳри Маскав миёни тоҷикон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Маҳз бо шарофати ин санади сарнавиштсоз   дар кишвармон  муноқишаҳои дохилӣ хотима ёфта, сулҳу суботи комил дар сарзаминамон пойдор гардид.

Июнь 27, 2016 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд