Кӯдакони ниёзманд дар «Чашмасорон» истироҳат мекунанд
Душанбе, 22.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Истироҳатгоҳи «Чашмасорон», ки дар мавзеи обҳои шифобахши Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон ҷой гирифтааст, 30 нафар хонандаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшонро ба истироҳату фароғат фаро гирифт.
Ба иттилои Марзия Некпаева, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, хонандагон дар ин мавзеъ 12 рӯз истироҳат хоҳанд кард. Аксарияти ин кӯдакону наврасон аз оилаҳои ниёзманд ва ятим буда, имкони дамгирӣ дар истироҳатгоҳҳои музднокро надоранд. Барои ташкили як басти фаъолияти лагер шӯро наздики 25 ҳазор сомонӣ харҷ намудааст.
Ба гуфтаи номбурда, шӯро тасмим гирифтааст, ки имсол дар се басти фаъолияти истироҳатгоҳ ҳамаи тарбиятгирандагони мактаб-интернатро ба истироҳати бофароғати тобистона ҷалб намояд. Ҳамчунин дар бастҳои минбаъда ҷавонону наврасони қобилияташон маҳдуд, ятимони кулл ва кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Хоруғ ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.
Дар назди лагер чашмаи шифобахш ҷойгир аст ва хонандагон баъди бозиҳои зеҳнию варзишӣ ва фарҳангӣ метавонанд аз оби шифобахши ин чашма баҳра бардоранд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






