Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Рӯдакӣ бо мактаббачагон машқҳои пешгирӣ аз ғарқшавӣ гузаронид
Душанбе, 8.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти байналхалқии «Международное добрососедство» чорабинии пешгирии ғарқшавиро дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор намуд.
Дар чорабинӣ зиёда аз 60 нафар хонандагон аз макотиби ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъ оварда шуда, ба онҳо тарзи дурусти оббозӣ ва расонидани ёрии аввалин ба нафарони ғарқшуда омӯзонида шуд.
Ба иттилои полковник Хуршед Гадоев, сардори Раёсати тайёрии омӯзиши аҳолӣ ва баҳисобгирии меъёрҳои ғайриҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба гармшавии ҳаво имсол нисбат ба соли гузашта шумораи ғарқшудагон дар ҳоли афзоиш мебошад.
Баргузории чорабинии пешгирии ғарқшавӣ аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи дуюм буда, баргузории марҳилаҳои оянда низ ба нақша гирифта шудааст.






















«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






