Мавзуна Чориева президенти Ассотсиатсияи олимпичиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд
Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мавзуна Чориева, варзишгари маъруфи тоҷик, барандаи медали биринҷии Бозиҳои XXX тобистонаи олимпии соли 2008-ум дар Лондон оид ба бокс, президенти Ассотсиатсияи олимпичиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Ӯ бо тасмими Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 2016 ба ин вазифа таъйин шудааст. Мавзуна Чориева дар ин вазифа камонвари машҳур Зебуниссо Рустамова, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 1976-ум дар Монреали Канадаро, ки бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо додааст, иваз намуд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






