Муҳаммад Алӣ аз олам даргузашт
Душанбе, 04.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муҳаммад Алӣ –боксёри шӯҳратёри ҷаҳон, афсонае, ки дар майдони бокс номаш ҳарифонро ба ларза меовард, дар синни 74- солагӣ дар яке аз беморхонаҳои Феникс бо ин ҷаҳон падруд гуфт. Ӯ рӯзи чоршанбе аз сабаби бад шудани вазъи соламатиаш ба беморхона интиқол ёфт. Алӣ аз соли 1984 инҷониб ба бемории «Паркинсон» гирифтор буд.
Муҳаммад Алӣ дар майдони варзиш ба дастовардҳое ноил шудааст, ки асрҳо дар борааш ҳарф мезананд. Ӯ номи худро бо хати заррин дар сафҳаи таърихи бокси ҷаҳон сабт кард. Соли 1980 чемпиони Бозиҳои олимпӣ, 1964 то 1966 ва 1974 то 1978 -Чемпиони мутлақи ҷаҳон дар вазни вазнин. Панҷ маротиба ба ӯ унвони беҳтарин боксчии ҷаҳонро ихтисос доданд ва як маротиба маҷаллаи «The Ring» Муҳаммад Алиро боксёри беҳтарини даҳсола эълон кард. Дар бокси касбӣ Муҳаммад Алӣ 61 вохӯрӣ гузаронида, дар 57-тои он ғалаба карда, 37 зӯрозмоиро пеш аз мӯҳлат бо накаут ҷамъбаст кардааст. Ҳамагӣ дар 5 қувваозмоӣ ба мағлубият дучор шудааст.
Рақобати Муҳаммад Алӣ бо Ҷо Фрейзер дар таърихи варзиши ҷаҳон аз беҳтарин қувасанҷиҳо дар риштаи бокс маънидод мешавад.
Маросими дафни Муҳаммад Алӣ дар зодгоҳаш шаҳри Луисвилли штати Кентукии Амрико гузаронида мешавад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






