Мураббии собиқи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Пилипчук мураббии «Спартак»-и Маскав таъйин шуд
Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ мураббии калони дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Роман Пилипчук, ки ба Мубин Эргашев ба ҳайси мураббии калон кумак мекард, чун мураббии дастаи «Спартак»-и Маскав ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин бора сомонаи КФ«Спартак» иттилоъ додааст.
Роман Филипчук, мураббии украинӣ, дар гузашта ба ҳайси бозингар дар ҳайати дастаҳои «Текстилшик»-и Иваново, «Динамо»-и Маскав, «Спартак»-и Владикавказ ва се дастаи Исроил бозӣ карда, фаъолияти мураббигиро дар дастаҳои «Заря»-и Луганск, «Шинник»-и Ярослав, «Дачия»-и Кишинёв, «Динамо»-и Маскав, «Олимпик»-и Донетск ва «Спартак»-и Юрмала ба роҳ мондааст.
Солҳои охир ӯ дар вазифаи мураббии калони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва баъдтар сармураббии «Барқчӣ» ифои вазифа карда буд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






