Ғолибияти тими Венгрия бар Австрия дар мусобиқоти «Аврупо-2016»

Июнь 16, 2016 15:05

Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи мунтахаби Венгрия бар тими миллии Австрия дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти «Аврупо-2016» оид ба футбол, ки дар кишвари Фаронса ҷараён дорад, ғолиб омад.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Матмут-Атлантик»-и шаҳри Бордо сурат гирифт. Голи аввали дастаи мунтахаби Маҷористонро дар дақиқаи 62-юми дидор бозингари шинохта Адам Салаи ба ҳадаф расонд. 3 дақиқа қабл аз вақти асосии бозӣ Золтан Штибер бо дарвозабони тими мунтахаби Австрия як ба як баромада, тӯбро озодона вориди дарвозаи ҳарифон намуд.
Ҳамин тариқ, маҷориҳо бо касби 3 имтиёз садрнишини ҷадвали гурӯҳи «F» гардиданд.

Июнь 16, 2016 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд