Рекорди дастаи мунтахаби Бразилия дар бозиҳои Ҷоми Амрико-2016
Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи рекордии бозиҳои Ҷоми Амрико-2016 дар вохӯрии байни дастаҳои Бразидлия ва Гаитӣ гузошта шуд. Мухлисон дар ин бози шоҳиди 8 гол гардиданд. Дастаи мунтахаби Бразилия дар вохӯрии нахустинаш дар силсилабозиҳои Ҷоми Амрико-2016 бо тими мунтахаби Эквадор яке аз бозиҳои дилгиркунандаи ин мусобиқотро нишон дод. «Сеҳргарон»-и бозии футбол- бразилиягиҳо натавонистанд он маҳорату истеъдоде, ки доранд, ба кор баранд ва вохӯрӣ бо натиҷаи мусовии 0:0 ҷамъбаст шуд. Аммо дар бозии дуввуми худ даспарварони Дунга хатои бозии аввалро ислоҳ карда, дарвозаи дастаи Гаитиро зери «борони» тӯб қарор доданд ва бо ҳисоби 7:1 ғалаба карданд. Ба ҳамлагари тими мунтахаби Бразилия Филиппе Коутинё муяссар шуд, ки дар ин вохӯрӣ муаллифи се гол шавад ва аввалин хет-трикро дар мусобиқоти Ҷоми Амрико ба вуҷуд орад. Ренато Агусто ду маротиба, Габриэл Барбоза, Лукас Лима ва Ҷеймс Марселен низ ҳамчун муаллифони гол номи худро дар протоколи бозӣ сабт карданд.
Дастаи мунтахаби Гаитӣ аз дастаҳои на он қадар қудратманди Ҷоми Амрико муаррифӣ мешавад. Дар бозии гузашта ин тим аз пешсафи гурӯҳи «Б» -мунтахаби Перу бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд.
Дар бозии дуввуми рӯз мунтахаби Перу вохӯриашро бо тими мунтахаби Эквадор бо натиҷаи 2:2 анҷом дод. Акнун дар ин гурӯҳ бо 4 имтиёзӣ Бразилия ва Перу пешсаф мебошанд.
Дар идомаи ин бозиҳо субҳи рӯзи дигар Уругвай бо Венесуэла ва Мексика бо Ямайка аз гурӯҳи «С» вориди майдон мешаванд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






