Шурӯъ аз фардо дар Тоҷикистон никоҳи хешу таборӣ қонунан манъ карда мешавад

Июнь 30, 2016 09:32

Душанбе, 30.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз фардо, 1 июли соли 2016  дар Тоҷикистон никоҳи хешу таборӣ қонунан манъ  карда шуда, муоинаи тиббӣ барои ҷавононе, ки издивоҷ мекунанд, ҳатмӣ мегардад. Яъне, аз ин баъд ҷавононе, ки бо ҳам хеши наздиканд, ба мисли духтархолаю писархола, духтари амаку писари амак, духтари  тағо, наметавонанд издивоҷ кунанд.
Бояд зикр кард, ки манъи никоҳи хешутаборӣ дар кишвар  ва аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштани ҷавонон қабл аз издивоҷ  дар асоси ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 14 ва 15-и  Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳадафаш солимии ҷомеа ва пешгирии вайроншавии оилаҳост.
Тибқи маълумоти оморӣ,  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 26 ҳазор кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки 35% онҳо   аз никоҳи  хешутаборӣ ва аз 10 то 20% бар асари бемориҳои сироятӣ ба дунё омадаанд. Коршиносон яке аз омилҳои асосии дар ҷомеаи суннатии кишвар бештар маъмул гардидани никоҳи хешутабориро  тӯли солҳои охир дар бегона нагардидани боигарию сарвати хонаводаҳои хешу табори наздик   арзёбӣ менамоянд, ки он оқибатҳои манфӣ ба бор меорад.
Ҳамзамон аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштани ҷавонон қабл аз хонадоршавӣ ба солим нигоҳ доштани генофонди миллат рабт дорад, зеро бархе аз ҷавонон, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва  баъди бозгашт ба ватан онҳо оила барпо менамоянд, дар бисёр мавридҳо  қисме аз онҳо мубталои бемориҳои  сироятӣ мебошанд, ки оилаашонро сироят намуда, дар натиҷа кӯдаки носолим ба дунё меояд.
Тибқи тағйирот ба Кодекси оила,  муоинаи ҳатмии тиббии ҷавонон қабл аз издивоҷ  ба роҳ монда шуда, он ба таври ройгон сурат мегирад.

Июнь 30, 2016 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд