То оғози бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо-2016 ҳафт рӯзи дигар боқӣ монд
Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 10 июн бо вохӯрии байни дастаҳои Фаронса ва Руминия бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо оид ба футбол оғоз меёбанд. Дар мусобиқаи имсола бори аввал дар таърихи ин бозиҳо 24 даста дар 6 гурӯҳ вориди рақобат мешаванд.
Макони баргузории бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо ҳанӯз 28 маи соли 2010 дар Женева -Фаронса интихоб шуд ва дар ин кишвар маротибаи сеюм бозиҳои ниҳоӣ баргузор мешаванд.
Қисме аз дастаҳои иштирокдор аллакай ба мавқеи интихобкардаашон ба Фаронса ҳозир шуданд ва мутахассисону коршиносон дар ин поя пешгӯиву тадқиқоти худро оғоз кардаанд.
Тибқи хабаргузории ширкати «Opta», тими мунтахаби Ирландия аз ҳама дастаи солор дар ин бозиҳо муаррифӣ мешавад. Синни миёнаи футболбозони ин даста ба 29 солу 9 моҳу 15 рӯз баробар аст. Дар ин нишондод дастаи мунтахаби Русия дар мақоми дуюм аст (29 солу 3 моҳу 26 рӯз).
Ба панҷгонаи солорӣ дар синну соли дастаҳои мунтахаб Чехия (29 солу 2 моҳу 8 рӯз), Словакия (28 солу 10 моҳу 24 рӯз) ва Италия ( 28 солу 10 моҳу 19 рӯз) шомил шудаанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






