Вохӯрии раиси вилояти Хатлон бо роҳбари тозатаъйини Дафтари САҲА

Июнь 22, 2016 12:02

Қурғонтеппа, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.   21  июни соли 2016  дар шаҳри Қӯрғонтеппа  вохӯрии раиси вилояти Хатлон  бо  роҳбари  тозатаъйини  Дафтари  саҳроии  Созмони Амният  ва  Ҳамкорӣ  дар  Аврупо  (САҲА)   Иван  Ене  баргузор гардид.
Зимни  мулоқот Давлатшоҳ  Гулмаҳмадзода  дар  бораи  тараққиёти иҷтимоӣ-иқисодии  вилоят  сухан ронда, зикр кард,  ки вилояти Хатлон  аз  вилоятҳои  калонтарин  ба  ҳисоб рафта,  истеҳсолкунандаи  маҳсулоти  кишоварзии  бештар дар      ҷумҳурӣ  ба  ҳисоб меравад.   Ба  иттилои  Д. Гулмаҳмадзода,  айни ҳол дар вилоят масоҳати боғҳо  зиёд шуда, талабот барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пайдо шудааст.  «Ин имкон  медиҳад, ки  ҷойҳои  нави корӣ  барои ҷавонон  муҳайё  карда  шавад»,-зикр кард Д.Гулмаҳмадзода.
Инчунин раиси вилоят гуфт, ки солҳои охир  барои рушди  соҳибкорӣ   корҳои зиёде ба  сомон  расонида  барои рушди соҳибкорӣ  шароити зарурӣ фароҳам  оварда  шудаанд.
Роҳбари Дафтари  саҳроии       САҲА   Иван  Ене зикр  кард, ки   айни ҳол фаъолияти  ин ташкилот дар вилоят дар  самтҳои  гуногун ба  роҳ монда  шудааст.
Иван  Ене  дар  бораи  ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун   зикр  кард, ки  ҳамкорӣ  дар оянда  хуб ба роҳ  монда  мешаванд.

Июнь 22, 2016 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад