Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Хатлон афзоиш ёфтааст
Кӯлоб, 20.07.2016 /АМИТ «Ховар» /. «Дар вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ 3030,5 миллион сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 215,4 миллион сомонӣ зиёд иҷро гардида, 7,6% афзоиш ёфтааст»,- иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони воситаҳои ахбори омма раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмамадзода.
Мавсуф иброз дошт, ки дар ин давра дар ҳамаи бахшҳо 419,3 ҳазор тонна ғалладона, 133 ҳазор тонна картошка, 362,3 ҳазор тонна сабзавот, 149,8 тонна маҳсулоти полезӣ, 25,1 ҳазор тонна меваҷот, 28,8 ҳазор тонна гӯшт ва 130,9 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шуда, афзоиши истеҳсоли ин навъҳои маҳсулот мутаносибан аз 2 то 18 %-ро ташкил додааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






