Боз ду варзишгари Тоҷикистон дар Олимпиадаи Рио-2016 ширкат мекунанд

Июль 12, 2016 17:33

Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ Ховар/. Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов, варзишгарони Тоҷикистон, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар мусобиқоти шиноварӣ иштирок хоҳанд кард.
Дар ин бора Ҳайдар Иброҳимов, раиси Федератсияи шиноварии Тоҷикистон, 12 июл ба сомонаи olympic.tj хабар дод. Вай афзуд, «ба унвони Федератсияи мо рӯзи 11 июл аз Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) нома расид, ки дар он гуфта мешавад ба ду варзишгари Тоҷикистон —  Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов  барои иштирок дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия иҷозат дода шудааст. Ҳарду дар мусобиқот оид ба шиноварӣ бо тарзи озод ба масофаи 50 метр ширкат хоҳанд кард.
варзишгаронБа гуфтаи Ҳайдар Иброҳимов ҳарду қаҳрамонҳои бисёркаратаи Тоҷикистон дар риштаи шиноварӣ маҳсуб мешаванд. Соли гузашта Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар шаҳри Қазони Русия ширкат доштанд.
Бояд гуфт, ки дар Олимпиадаи Лондон-2012 Тоҷикистонро дар намуди шиноварӣ танҳо як варзишгар Катерина Измайлова намояндагӣ карда буд.
Ба ин тартиб, то имрӯз ҳафт варзишгари Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров аз байни варзишгарони Тоҷикистон аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 гардидааст. Олимпиадаи навбатӣ барои ӯ олимпиадаи чаҳорум ҳисоб мешавад.
Баъдан ду паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар риштаи дзю-до ҳуқуқи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016-ро ба даст оварданд. Ҳарду барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.
Муштзани тоҷик Анвар Юнусов бошад, бори сеюм дар бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳад кард.
Инчунин Даврон Атабоев варзишгари тоҷик соҳиби роҳхат ба олимпиадаи соли 2016 гардидааст. Вай дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Татяна Колпакова, ки дар пойтахти Қирғизистон  Бишкек доир гашт, масофаи 200 метрро дар зарфи 20,50 сония тай намуд. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки меъёри муқарраршударо иҷро кунад ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 шавад.

Июль 12, 2016 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд