Дар Олимпиадаи Рио-2016 аз Тоҷикистон кӣ иштирок мекунад?
Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5 то 21 август Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ баргузор мешаванд.
Аз Хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шумораи варзишгарони Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи Рио-2016 ширкат меварзанд, ҳафт нафар мебошад. Онҳо дар чор риштаи варзиш бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ рақобат хоҳанд кард. Инҳо: гурзпарто Дилшод Назаров, дздюдочиён Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, муштзан Анвар Юнусов, давидан Кристина Пронженко, Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрино мебошанд. Бар асоси тақвими Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ варзишгарони тоҷик дар мусобиқот аз 6 то 19 август ширкат мекунанд:
6-16 август бокс -Анвар ЮНУСОВ дар вазни то 56 кг;
10 август дзюдо -Комроншоҳи УСТОПИРИЁН дар вазни то 90 кг;
12 август дзюдо-Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ дар вазни 100 кг;
11-12 август шиноварӣ-Олим ҚУРБОНОВ бо тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни мардон;
12-13 август шиноварӣ -Анастасия ТЮРИНА бо тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни занон;
15-17 август варзиши сабук-Кристина ПРОНЖЕНКО давидан ба масофаи 200 метр миёни занон;
17, 19 август гурзандозӣ-Дилшод НАЗАРОВ.
20 август маросими супурдани медалҳо ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мегардад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд















CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






