Дар ВКХ маросими нусхаи эътимодномасупории Сафирони Лаҳистон, Босния ва Гертсеговина ва Чили доир гашт
Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳуриҳои Лаҳистон Петр Ивашкевич, Босния ва Гертсеговина Кемал Муфтич ва Ҷумҳурии Чили Хуан Эдуардо Эгигуренро ба муносибати супоридани нусхаҳои Эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки аз ВКХ кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқоти пас аз маросими нусхаи эътимодномасупорӣ доиргашта, муовини вазири корҳои хориҷӣ сафиронро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданашон табрик намуда, ба онҳо барои таҳким ва густариши муносибатҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон ва пешбурди фаъолияти касбиашон муваффақиятҳо таманно кард.
Ҷонибҳо доир ба доираи васеи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.
Азми тарафҳо барои минбаъд низ инкишоф додани ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид карда шуд.











Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






