Донишномаи «Чӣ, кай, дар куҷо?» — туҳфаи арзанда ба насли наврас дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Душанбе, 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст дар Тоҷикистон «Донишнома» ва ё ба истилоҳ Энсклапедия барои кӯдакону наврасон бо номи «Чӣ, кай, дар куҷо?» бо ташаббус ва муаллифии Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз нашр мебарояд. Тибқи иттилои муаллифи китоб, чунин «Донишномаи ҷаҳонии кӯдак» дар як қатор давлатҳои муттарақии олам вуҷуд дорад ва акнун ин асар дар ҷомеаи имрӯза, ки пешрафти илм дар авҷи кайҳон аст, муҳим мебошад. Наврасон метавонанд бо мутолиаи ин китоб ё худ донишнома, аз хурдӣ бо пайдоиши замин, боридани борон, фарқияти масолеҳи табии аз сунъӣ, сабаби вазидани шамол ва ба дигар саволҳои ҳайратангези худ ҷавобҳои мушшахас пайдо намоянд.
Муаллифи китоби мазкур изҳор намуд, ки маҳз таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти кориаш дар шабакаи телевизиони Тоҷикистон» ва барномаи интелект-шоуи «Ҳамадон» боис гашт, ки ӯ ба таҳияи чунин китоб мароқ зоҳир намояд. Зеро аксарият иштирокчиёни барномаи «Ҳамадон» наметавонистанд, ки ба саволҳои оддии ӯ посухи дуруст бигӯянд ва ин ҳолатҳо борҳо сабаби асабӣ шудани муаллиф гардида буд.
Донишномаи «Чӣ, кай, дар куҷо?» аз 10 боб иборат буда, маълумот дар бораи кайҳоншиносӣ, олами наботот, олами ҳайвонот дар ҳар яке аз бобҳои алоҳидаи он ҷойгир шудаанд. Дар назар аст, ки китоби мазкур, рӯзҳои наздик бо шумораи 40 ҳазор нусха аз нашр барояд. Ба қавли адабиётшиносон, ин китоб метавонад, барои наврасон ҷаҳони дигареро боз намояд ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии насли наврас нақши муассир гузорад. Аз ҷиҳати дигар тавлиди ин китоб барои кӯдакону наврасони кишвар як тӯҳфаи арзандаест ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти давлати Тоҷикистон.
















Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






