Фестивали фарҳангию сайёҳии «Марҳамат, ба Хатлон!» доир мегардад
Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ ва татбиқи самараноки «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017» баргузории як қатор фестивалу конфронсҳои сайёҳиро ба нақша гирифтааст.
27 июли соли равон дар ноҳияи Темурмалик Конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо» ва дар заминаи он бегоҳии ҳамин рӯз дар саҳни Маҷмааи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб Фестивали фарҳангию сайёҳии «Марҳамат, ба Хатлон!» бо ташкили намоиши ҳунарҳои мардумии 10 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад.
28 июл семинари омӯзишӣ дар сатҳи маҳаллӣ оид ба риояи меъёр ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ ба сайёҳон дар ноҳияи Лахш баргузор мегардад.
Рӯзҳои 1-3 август тренинги байналмилалии омӯзишӣ оид ба рушди иқтидори соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
9 август бошад, дар шаҳри Хуҷанд Конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо» ва дар заминаи он бегоҳии ҳамин рӯз дар саҳни Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ Фестивали фарҳангию сайёҳии «Суғди бостон» бо ташкили намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор мегарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






