Хоҷагиҳои ёрирасон қисмҳои низомии ВКД-ро бо маҳсулоти тару тоза таъмин менамоянд

Июль 18, 2016 18:19

Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 16 июл вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода аз хоҷагии ёрирасони намунавии раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар минтақаи фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҷойгир аст, боздид ба амал овард.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд,  вазири корҳои дохилӣ ба сардорони раёсати ВКД дар вилоятҳо барои кишту кори такрорӣ ва ба даст овардани ҳосили хуб, ҳамчунин мисли хоҷагии мазкур намунавӣ намудани хоҷагиҳои ёрирасони сохторҳои вилоятию минтақавӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Милитсия-2Мавриди зикр аст, ки Муассисаи давлатии хоҷагии ёрирасони раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 50 га замин дошта, дар он кишоварзӣ, чорводорӣ ва занбӯрпарварӣ ба роҳ монда шудааст.
Хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷиргатол, Нуробод, Рашт, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Ёвон дар минтақаи фурудгоҳи шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҷойгир буда, айни замон дар ин заминҳо маҳсулоти гуногуни хоҷагии қишлоқ кишт карда шудааст.
Ин хоҷагиҳо ҳайати шахсии қисмҳои низомии раёсати қӯшунҳои дохилӣ,  воҳидҳои таъиноти махсус, раёсати тиббӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилиро бо маҳсулоти тару тоза таъмин менамоянд.

Июль 18, 2016 18:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид
«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад