Идомаи амалиёти «Кӯкнор-2016» дар Конибодом

Июль 4, 2016 17:29

Душанбе, 04.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалиёти  «Кӯкнор-2016» дар шаҳри Конибодом ҳайати гурӯҳи корӣ таҳти сарварии муовини аввали раиси шаҳр Бахтиёр Ахмедов дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот рейдҳои санҷишӣ доир намуданд. Гурӯҳи корӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Пӯлодон ва Патар дар атрофи якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ растаниҳои худрӯйи нашъаоварро дарёфт карданд. Маълум гардид, ки чунин растаниҳо бо вуҷуди он, ки аз ҷониби соҳибони заминҳо дарёфт ва решакан карда шудаанд, боз дар баъзе мавзеъҳо сабзида, дар ҳолати нашъунамо қарор дорад.
Дар рафти рейд аз тарафи ҳайати гурӯҳи корӣ миқдори дарёфтгардидаи чунин растаниҳои нашъаовар дар ҷояш сӯзонида, нобуд карда шуданд.
Амалиёти «Кӯкнор — 2016» дар шаҳри Конибодом идома дорад.

Июль 4, 2016 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид