КҲФ сокинони кишварро огоҳ мекунад, ки дар гармо ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ кунанд

Июль 25, 2016 17:26

Душанбе, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ менамояд, ки то 28 июл гармии хушк дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат бештар аз 40 дараҷа хоҳад шуд.
Дар робита ба ин, Кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонон хоҳиш карда мекунад, ки дар ин рӯзҳо тавсияҳои зеринро риоя намоянд:
1. Дар вақтҳои гармии шадиди офтоб аз соати 11 то 17 бидуни зарурат ба кӯча набароянд, агар зарур бошад, ҳангоми аз хона берун шудан либоси рангаш рушани кушод аз матои табиӣ, сарпӯши хеле сабук дошта бошанд ва ҳатман як шиша оби бегази минералӣ бо худ гиранд. Дар кӯча бояд талош кард дар соя гардиш кунанд ва сари чанд вақт ба мағозаву дӯконҳо ва ё биноҳое ворид шаванд, ки ҳавополо (кондитсионер) дошта бошанд.
2. Барои ҳимоя аз гумшавии оби бадан зарур аст, рӯзе аз 1,5 то 3 литр об нӯшанд.
3. Истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, аз ҷумла оби ҷав, ҳамчунин ҳар гуна нӯшокиҳои ширини газдор, ки тавони барҳам задани ташнагиро надоранд ва ҳатто равандҳои табдили ғизои баданро суст мекунанд, тавсия дода намешавад.
4. Зарур аст, ки ғизои сабук хӯранд: меваҳо, сабзавот, моҳӣ ва мурғи обпаз ва обдӯғ истеъмол кунанд. Хуб мешуд, аз истеъмоли ғизоҳои равғанӣ, тафдодашуда ва ширинӣ парҳез намоянд.
5. Дар авҷи гармӣ бояд ҳама гуна кори ҷисмониро қатъ кунанд ва фаъолнокии ҷисмониро ба ҳадди ниҳоӣ поён баранд.
5. Дар утоқҳое, ки ҳавополо дорад, набояд ҳарорати хона аз 22-23 дараҷаи гармӣ боло бурда шавад.
6. Дар гармо ба кӯдакон бештар бояд таваҷҷуҳ кард. Бадани кӯдакон ба гармӣ назар ба калонсолон хеле ҳассос аст.
7. Ҳангоми истироҳат ва оббозӣ эҳтиёткор будан ва қоидаҳои бехатариро дар наздикии дарёҳо, ҷӯйборҳо ва ҳавзу обанборҳо риоя намуданро тавсия медиҳад.

Июль 25, 2016 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд