Кӯлоб: Маркази миллии тестӣ саргардонии волидайну довталабон ва хароҷотро даҳ баробар кам кардааст

Июль 14, 2016 11:15

Кӯлоб, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 теъдоди умумии довталабони азқайдгузашта зиёда аз 83 500 нафарро ташкил медиҳад.
Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар 15 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ дар 43 маркази имтиҳоние, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, баргузор мегарданд.
Рӯзи 1-уми июли соли равон дар 43 маркази имтиҳонӣ зиёда аз 12 ҳазор довталаби азқайдгузашта барои супоридани имтиҳон ба марказҳои имтиҳонсупории шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳозир гардиданд. Мутасаддиён барои довталабон дар марказҳои мазкур тамоми шароитҳоро муҳайё сохтаанд.
Тавре Абдуҷҷабор Ятимов, роҳбари маркази имтиҳонии №03/07 ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар минтақаи Кӯлоб иттилоъ дод, баъд аз даҳ рӯзи оғози имтиҳонсупорӣ маълум гардид, ки то ҳол аксари довталабон бо сомонаи Маркази миллии тестӣ ошноӣ надоранд ва аз натиҷаи холҳои имтиҳони аввали супоридаи худ огоҳ нестанд.
Дар марказҳои имтиҳонсупории шаҳри Кӯлоб ба ғайр аз хатмкунандагони худи шаҳр, довталабон аз гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб имтиҳон месупоранд. Волидайн аз ташкили Маркази миллии тестӣ ва марказҳои он дар шаҳру ноҳияҳо изҳори хушнудӣ доранд. Ба гуфти онҳо низоми нави дохилшавӣ ба муассиаҳои олии кишвар ва муассисаҳои касбӣ-техникӣ аз тариқи Маркази миллии тестӣ шаффофиятро дар раванди дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ таъмин намуда, саргардонии волидайну довталабон ва хароҷотро даҳ баробар кам кардааст.
Ёдовар мешавем, ки эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо тибқи нақша 25 июл пешбинӣ гардидааст. Инчунин натиҷаҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро муассисаҳои таълимии дахлдор дар давоми 1-2 рӯз пас аз имтиҳонҳои мазкур ва марказ 25 июл эълон менамоянд.

Июль 14, 2016 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад