Кӯлоб: Таъмини газ ба аҳолӣ беҳтар гардид
Кӯлоб, 19.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи иқтисодию иҷтимоии аҳолии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ҶСК «Кӯлобгаз» аз 1 июни соли равон интиқоли гази табиӣ роҳандозӣ гардидааст, ки айни ҳол маҳаллаҳои Борбад, Ш.Шоҳин, С.Сангов, Ҳ.Аҳмар, Ҷ.Расулов, 4 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ ва таваллудхона пурра бо гази табиӣ таъминанд.
Ба қавли директори ҷамъият Бахтиёр Ҷалолов, дар моҳи июни соли ҷорӣ 70 ҳазор метри кубӣ газ аз кони Пушиёни ҷанубӣ харидорӣ карда шудааст ва аҳолӣ ҳоло 24 соат бо газ таъмин мебошанд. Ба гуфти манбаъ, бо дастгирии ҶДММ «Ҷалолӣ» ва ҶСК «Нафтугаз» дар Пушиёни ҷанубӣ дар чоҳи №5, ки чуқуриаш 850 метрро дарбар мегирад, гази табииро истихроҷ менамоянд. Нархи гази табиӣ ба ҳар як оила 30 сомониро ташкил дода, сифат ва фурӯши он дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Масъулини ҷамъият тасмим гирифтаанд дар оянда се маҳаллаи дигарро ба гази табиӣ таъмин намоянд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






