Кормандони Кумитаи дин зимни назорати 265 маърака ва маросимҳо 51 ҳолати қонуншиканиро ошкор намуданд
Душанбе, 12.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2016 аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷараёни баргузории маъракаҳо дар маҷмўъ 8093 рейд гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он 298 адад парвандаҳо оид ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиб дода шуда, 288 парванда аз тарафи судҳо баррасӣ шуд ва 10 адад дар истеҳсолот қатъ гардиданд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ оид ба рафти иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ Сулаймон Давлатзода иттилоъ дод.
Ӯ зикр намуд, ки маблағи умумии ҷаримаҳо 887 ҳазору 760 сомониро ташкил дода, ошкор намудани қонуншиканиҳо бештар дар вилояти Суғд ба назар мерасанд.
Ҳамчунин дар ин давра комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таблиғу ташвиқ, фаҳмондадиҳии моҳияти қонуни мазкур ва риояи талаботи он 6945 суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Дар идомаи ин мавзӯъ Сулаймон Давлатзода изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ кормандони кумита рафти бештар аз 265 маърака ва маросимҳоро назорат намуда, беш аз 51 ҳолати қонуншиканиро ошкор намудаву вобаста ба он санадҳои дахлдор тартиб додаанд. Бо роҳи фаҳмондадиҳӣ эҳтимолияти содир намудани қонуншиканиро дар ҳудуди 50 ҳолат пешгирӣ намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






