Кристина Пронженко ба Олимпиадаи Рио меравад

Июль 14, 2016 18:47

Душанбе, 14.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кристина Пронженко, варзишгари Тоҷикистон, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар мусобиқоти варзиши сабук дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон иштирок хоҳад кард.
Дар ин бора Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 14 июл ба сомонаи www.olympic.tj  хабар дод. Вай афзуд, » ба Тоҷикистон дар риштаи варзиши сабук як квота ҷудо шуда буд. Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон     Кристина Пронженкоро дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон, ки натиҷааш дар байни варзишгарони кишвар беҳтарин аст, барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 пешниҳод намуд. Федератсияи байналмилалии варзиши сабук (IAAF) ин пешниҳоди Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистонро пазируфтааст. Ба ин тартиб, Кристина Пронженко Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро намояндагӣ мекунад.”
Баҳрулло Раҷабалиев, инчунин иттилоъ дод, мутаассифона, номи давандаи дигари тоҷик Даврон Атабоев ба рӯйхати варзишгароне, ки дар Олимпиадаи Рио-2016 дар давидан ба масофаи 200 метр байни мардон иштирок мекунанд ва он дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии варзиши сабук (IAAF) 13 июл нашр гаштааст, ворид нашудааст.
“Мо аз Федератсияи байналмилалии варзиши сабук дар бораи иштироки Даврон Атабоев дар Олимпиадаи Рио рӯзи 14 июл пурсон шудем. Онҳо гуфтанд, ки ин масъала то рӯзи 19 июл баррасӣ мешавад ва моро аз натиҷааш бохабар мекунанд”, — иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.
Ёдовар мешавем, Даврон Атабоев дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Татяна Колпакова, ки 19 июни соли равон дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – доир гашт, масофаи 200 метрро дар зарфи 20,50 сония тай намуд ва меъёри муқарраршударо барои ширкат дар Бозиҳои олимпӣ иҷро кард.
Дарвоқеъ, ба рӯйхати дар сомонаи IAAF нашршуда дар давидан ба масофаи 200 метр миёни мардон ҳамагӣ 200 нафар ворид шудаанд, ки панҷ нафари онҳо аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Колумбия, Мексика, Италия ва Бразилия дар мусобиқоти квалификатсионӣ ба мисли Даврон Атабоев натиҷаи 20,50 сония нишон додаанд.
Ба ин тартиб, то имрӯз ҳафт варзишгари Тоҷикистон — Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҳарду оид ба ҷудо), Анвар Юнусов (бокс), Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов (ҳарду оид ба шиноварӣ бо тарзи озод ба масофаи 50 метр) ва Кристина Пронженко (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр) ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудаанд.
Барои гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров Бозиҳои Рио-2016 Олимпиадаи чаҳорум ба шумор меравад. Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов бошад, барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳад кард. Панҷ варзишгари дигари Тоҷикистон барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.

Июль 14, 2016 18:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад