Медалҳои нуқраи тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Чин

Июль 16, 2016 09:43

Душанбе, 16.07.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Мусобиқаи байналмилалии  «Роҳи абрешим-Хуашан-2016» дар Ҷумҳурии Халқии Чин ба анҷом расид. Тими мунтахаби футболи наврасони то 16 -солаи Тоҷикистон дар вохӯрии охирини худ бар мизбони мусобиқот, тими мунтахаби Чин бо натиҷаи 1:0 ғалаба карда, соҳиби медалҳои нуқраи мусобиқа гардид.
Дар бозии дуввуми рӯз  футболбозони Кореяи Ҷанубӣ бар тими мунтахаби наврасони Туркманистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардиданд.
Ба ҳамин тартиб дастпарварони Зайниддин Раҳимов аз се вохӯрӣ дар дутоаш дастболо гардида, танҳо аз ғолиби мусобиқа, тими мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо нишондоди 1:3 мағлуб шуданд.

Даври 1

Кореяи Ҷанубӣ- Тоҷикистон  3:1 (муаллифи гол аз мунтахаби Тоҷикистон Тоҳир Малодӯстов).

Чин-Туркманистон  4:1.

Даври 2

Туркманитсон – Тоҷикистон  2:3 (Шервони Мабатшоев, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдо Малиев).

Чин –Кореяи Ҷанубӣ  0:1.

Даври 3

Тоҷикистон – Чин 1:0

Кореяи Ҷанубӣ – Туркманистон 3:0

Июль 16, 2016 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд