Мусобиқаи шоҳмот бахшида ба 25-солагии Истиқлолият дар шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 20.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дирӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб мусобиқаи шоҳмот доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои кишвар хабар доданд, мусобиқаи шоҳмот, ки бо шавқу рағбати зиёд ҷараён гирифт, баёнгари тарзи ҳаёти солим ва неруи зеҳнии ин насли созанда ба шумор меравад.
Ҳар яке талош бар он меварзид, ки ғолиби мусобиқа гардида, дар ин намуди варзиш беҳтарин бошад.
Ҷавонону наврасон бо азму иродаи қавӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ изҳор мекарданд, ки ҳамчун як ҷавони бофарҳанг, бонангу номус ва соҳибтамаддун саҳми худро барои пешрафту тараққиёт ва рушду нумӯи кишвар хоҳанд гузошт.
Дар хотима ғолибон аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






