Ҷоми чемпионҳои Аврупо: «Ювентус» бар «Тоттенхэм» ғалаба кард
Душанбе, 28.07.2016. /АМИТ«Ховар»/. Қабл аз оғози мавсими ҷадиди футбол барои беҳтар намудани сатҳи омодагиҳои бошгоҳҳои худ роҳбарияти ҳар даста иштироки бозингаронашонро дар сабқатҳои мухталифи байналмилалӣ таъмин мекунанд.
Яке аз чунин сабқатҳои бонуфуз маъракаи муҳташами футбол таҳти унвони Ҷоми чемпионҳо маҳсуб меёбад, ки ҳамасола қабл аз мавсими ҷадид роҳандозӣ мешавад. Дар доираи мусобиқоти мазкур дастаҳои футболи «Ювентус»-и Италия ва «Тоттенхэм»-и Англия бо ҳам қувва озмуданд. Ин вохӯрӣ дар шаҳри Мелбурни Австралия баргузор гардида, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи бошгоҳи футболи Италия ба анҷом расид. Голҳоро аз тими «Ювентус» Пауло Дибала ва Меҳди Бенатиа ба ҳадаф расонд.
Ягона голи дастаи «Тоттенхэм»-и Англияро ниммуҳофизатгари аргентинӣ Эрик Ламела ба нишон расонд. Ин дуюмин бозии «Ювентус» дар доираи рақобатҳои Ҷоми чемпионҳо ба ҳисоб меравад, аммо барои тими «Тоттенхем» бошад, ин аввалин майдондориаш дар чорабинии мазкур мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






