Равшан Тӯйчизода: «Ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида истодаем»

Июль 14, 2016 16:36

Душанбе, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «4700 метри мураббаъ боми хонаҳои истиқоматӣ дар кишвар аз ҷониби муассисаю идораҳои тобеи Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ин давра аз таъмир бароварда шудааст»,-мегӯяд Равшан Тӯйчизода, муовини аввали директори  КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ».
Мавсуф,  14 июл дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе афзуд, ки бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт  ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи  тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» 1240 метр қубурҳои оби нӯшокӣ, 9,9 ҳазор метр роҳу роҳравҳо, 13,9 ҳазор километр хатҳои барқ таъмир гардида, беш аз 40 таҳхонаҳои биноҳо аз об тоза карда шудаанд.
Инчунин зиёда аз 12 тонна маводи сӯзишвории моеъ, беш аз  40 тонна  ангишт,  2730 метри мураббаъ ҳезум,  ҳудуди 2600 метри мураббаъ маводи зиддилағжиш, аз ҷумла қум ва намак, ҳамзамон беш аз 15 тонна хлори хокка барои безараргардонии оби нушокӣ захира гардидаанд.
Равшан Туйчизода таъкид кард, ки мутахассисони КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», дар  ин давра  80 адад насосҳои обкашӣ, 81 адад таҷҳизоти барқии муҳофизати заминӣ, 34 адад трансформаторҳоро таъмир ва 40 км хатҳои канализатсияро тоза намудаанд.

Июль 14, 2016 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад