Шарифзода Шариф Файз, раиси шаҳри Хуҷанд: «Бахшида ба 25-солагии Истиқлолият дар маркази вилоят беш аз 100 иншоот, аз ҷумла 20 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода мешаванд…»

Июль 20, 2016 11:26

Хуҷанд, 20.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Хуҷанд  чун яке аз марказҳои калонтарин ва аз лиҳози имконоти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ яке аз минтақаҳои иқтисодии тараққикардаи кишвар ба ҳисоб рафта, он дар ташаккули маҷмӯи  маҳсулот саҳми босазое дорад. Имрӯзҳо дар ин шаҳри бостониву ҳамешаҷавон, ҳама ҷо нишон аз пешрафту бунёдкорист ва онро метавон аз чеҳраи ҳар як сокини шаҳр баръало мушоҳида кард. Зеро ҳар як амали рушду ободониву созандагӣ маҳз аз фазои соҳибистиклолии кишвар сарчашма мегирад. Чун, тирамоҳи соли равон ҷашнҳои асосии таҷлили 25-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар маркази Суғд, соҳили рӯди Сир — шаҳри Хуҷанд барпо мегардад, хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” дар Суғд, роҷеъ ба рафти омодагиҳо ба ифтихори ин санаи хотирмон ва ҳамзамон чанд паҳлӯҳои бурду бохти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии маркази Суғдзамин ва нақшаву имконоти минбаъдаи мақомоти маҳаллӣ, бо шаҳрдори шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам раис, сараввал мехостам суханро аз боби пешрафтҳо оғоз намоем. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ин раванд ҷараён дошта, сокинони шаҳр ба оянда хеле хушбин ҳастанд. Ба андешаи Шумо, муҳимтарин дастовардҳо аз куҷо маншаъ мегиранд?

Ш.Шарифзода: Муҳимтарин масъалаҳои ҳалталаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии мамлакат ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ инъикос меёбанд, ки ҳаллу фасли онҳо сатҳи ҳаёти моддию маънавии мардумро баланд мебардорад ва мамлакатро ба пояҳои нави тараққиёт мерасонад.  Рушди бемайлонеро, ки анқариб ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр доранд, бешак, аз самари соҳибистиқлолии кишварамон, пойдории сулҳу ваҳдат ва азму иродаи матину созандаи меҳнаткашони шарифи шаҳр донистан ҷоиз аст. Дар маркази Суғд, шаҳри Хуҷанд низ ба ҳаллу фасли ин масъалаҳо аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Маҳз мавҷудияти ҳамин омилҳо ва истифодаи пурсамар аз имкониятҳои худӣ боис гардид, ки меҳнаткашони соҳили руди Сир давоми чанд соли охир ба як қатор комёбиҳои дилхоҳ ноил гаштанд.  Ин аст, ки ахиран дар шаҳр хосатан, соҳаи саноат ба таври назаррас тараққӣ карда истодааст. Агар дар охири соли 2013 ҳамагӣ 107 коргоҳ фаъолият бурда, дар умум ба маблағи 407,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда бошад, пас соли 2014 ин нишондод ба 153  коргоҳу  490 млн сомонӣ маҳсулот ва анҷоми соли 2015 ин рақам ба 162 коргоҳу истеҳсоли маҳсулот бошад ба 638,8 млн сомони расида, аз он миқдор ба маблағи 96,2 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он то кунун тамоюли афзоиш дорад.

АМИТ «Ховар»:  Пас ин ҳама натиҷагириву дастоварҳо дар ҷамъбасти нимсолаи аввал чӣ гунаанд?

Ш.Шарифзода: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вобаста ба иҷрои Амру Фармонҳои Президенти кишвар, Қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва қарорҳои Раиси вилоят доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 пайваста барои беҳтарсозии шароити зиндагии мардум талош варзида, барои рушди иқтисодиёт ва соҳаҳои мавҷудаи хоҷагии халқ, тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, ба иҷрорасонии корҳои ободонӣ, рушди соҳибкории хурду миёна мусоидат менамояд.

Вобаста ба ин, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ иҷрои нақшаи буҷети давлатии шаҳр 103,0% ва буҷети маҳаллӣ 103,1% таъмин гардида, он аз нақшаҳои пешбинишуда, мутаносибан дар ҳаҷми 4,2 млн. сомонӣ ва 1,7 млн. сомонӣ зиёд маблағ ба буҷа ворид гардид. Ҳамчунин дар раванди рушди муносибатҳои иқтисодӣ муомилоти савдои беруна мавқеи хос дорад. Дар маҷмӯъ, дар давоми нимсолаи аввали соли 2016 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 365,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,5% афзудааст.

АМИТ «Ховар»:  Тавре аксарият огаҳӣ доранд, яке аз мушкилоти шаҳр ин масъалаи батанзимдарории нақлиёт, яъне таъминоти аҳолӣ бо нақлиётҳои калони мусофиркаш мебошад. Аз ин лиҳоз сару садоҳо низ оид ба дар муддати кӯтоҳ ҷониби мақомоти маҳаллӣ харидорӣ кардани автобусҳои калонҳаҷм ва воридоти он ба Хуҷандшаҳр зиёданд. Мегуфтед, ки он автобусҳои ваъдагӣ кай ба Хуҷанд меоянд?

 Ш.Шарифзода: Тибқи дурнамои рушди ҳаракати нақлиёти шаҳрӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Бонки Аврупои Таҷдид ва Рушд ва қарзгиранда  КВДК «Корхонаи давлатии коммуналии нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» шартномаи ҳамкорӣ барои сармоягузорӣ баста шуда буд, ки мутобиқи он бояд барои шаҳри Хуҷанд беш аз сад адад автобусҳо харидорӣ карда мешуданд. Вобаста ба ин, гузашта дар шаҳр мутахассисону мушовирони ширкати «АФ Сити план»-и Ҷумҳурии Чехия давоми 26 ҳафта оид ба корҳои тадқиқотӣ ва асосноккунии техникии лоиҳаи «Таҳияи дурнамои рушди нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ» корбарӣ намуданд.  Алъон вобаста ба созишнома ва хулосабарории мутахассисони Бонки мазкур дар назар аст охири соли равон бо теъдоди сад адад автобусҳои калонҳаҷми замонавӣ ба шаҳри Хуҷанд ворид карда шаванд. Автобусҳои мазкур сараввал аз рӯи даҳ хатсайр тибқи лоиҳаи пешниҳодгашта фаъолият хоҳанд бурд. Дар навбати худ ҳамаи он микроавтобусҳое, ки то ҳол  дар миқёси шаҳр кор мекунанд ба он хатсайрҳое, ки ин автобусҳо фаъолият намебаранд  кӯчонида мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Ҷараёни баргузории «Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни маҳалла, хона ва оилаҳои намунавӣ» дар маркази вилоят  чӣ гуна сурат гирифт?

Ш.Шарифзода: Вобаста ба баргузории мусобиқаи мазкур сараввал баҳри муайян намудани маҳалла, хона ва оилаҳои намунавӣ тибқи қарори раиси шаҳр комиссияи шаҳрӣ таъсис дода шуд. Дар умум, мусобиқоти мазкур дар сатҳи хуби ташкилӣ гузаронида шуда, дар бахши озмуни оилаи беҳтарин  42 оила ва бахши хонаҳои намунавӣ 65 манзили истиқоматӣ ширкат варзиданд, ки дар ҷамъбаст дар ҳар ду бахш ба дорандагони 3 ҷои аввал роҳхат ба давраи навбатӣ дода шуд. Ҳамчунин дар бахши маҳаллаи беҳтарин ҳамаи 22 маҳаллаҳои шаҳр иштирок намуда, тибқи холҳои бадастоварда кумитаи маҳаллаҳои «Сирдарё»«Масчиди Савр» ва «Чорчароғ» беҳтарин дониста шуданд.

АМИТ «Ховар»:  Чун соли равон шаҳри Хуҷанд мизбони баргузории ҷашнӣ фархунда – 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, омодагиҳо дар ин самт чӣ гунаанд?

Ш.Шарифзода: Дуруст қайд намудед, чун шаҳри Хуҷанд соҳибхона аст, масъулият низ дучанд мебошад. Аз ин лиҳоз, ҷониби мақомоти маҳаллии шаҳрӣ ва шуъбаву сохторҳои дахлдор, баҳри дар сатҳи баланд таҷлил гирифтани ин санаи барои ҳар як сокини кишвар хотирмон нақшаи чорабиниҳои фарҳангӣ- фароғатӣ тартиб дода шуда, айни замон дар ин самт корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Ҳамчунин  мақомоти  шаҳрӣ дар самти сазовор истиқбол намудани ин сана баҳри боз ҳам густариш бахшидан ба корҳои сохтмону ободонӣ, идомаи барномаи роҳҳои обод, афзоиши шумораи мавзеъҳои фарҳангӣ- фароғатӣ ва сабзпӯшу гулпӯш намудани кӯчаву хиёбонҳо дар қаламрави шаҳр маъракаи «500 рӯзи ободонӣ» эълон гардида, то имрӯз дар ин самт 5 адад иншоотҳои маданӣ-маишӣ, истиқоматӣ ва коммуналӣ ба истифода дода шуданд. 10,9 км роҳҳо мумфарш карда, дар кӯчаҳои шаҳр 12210 адад ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва зиёда аз 16000 гулу гулбуттаҳо шинонида шудаанд. Итминон дорам, баҳри таҷлили ин ҷашни бузурги миллат тамоми сокинони шаҳр низ ҳиссагузор хоҳанд буд. Ҳамчунин бояд хотиррасон намоям, ки рисолати азалии халқи куҳанбунёди тоҷик ободкориву созандагӣ ба ҳисоб рафта, соли равон дар шаҳр бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ 100 иншоот, аз ҷумла 1 мактаб, 2 кӯдакистон, 4 толори варзишӣ, 20 корхонаҳои саноатӣ, 22 майдончаи варзишӣ, 4 майдони футболи хурд, 20 адад хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдо, аз он як бинои 9-ошёнаи хизматӣ барои кормандони соҳаи буҷетӣ ва меҳмонхонаи панҷситорадор ба истифода дода мешавад. Инчунин вобаста ба дастуру супориши Сарвари давлат дар рӯзҳои таҷлили ҷашн аёдати оилаҳои ниёзманд бо дастрасии маводи аввалияи хӯрока дар назар аст.

Абдуаҳад Дадобоев, АМИТ «Ховар», Суғд

 

Июль 20, 2016 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст