Тӯли 6 моҳ шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 8 фоиз кам шудааст

Июль 12, 2016 08:01

Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ 308 ҳазору 676 нафар шаҳрвандони  ҷумҳурӣ сафар намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз кам мебошад. Аз ин ҳисоб 40 ҳазору 682 нафарро занҳо ташкил медиҳанд.
Тавре  аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  ки   ба Федератсияи Русия 305 ҳазору 654 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони мамлакат сафар намуданд, ки аз ин теъдод 39 ҳазору 356 нафар занҳо мебошанд. Ба шаҳру вилоятҳои Ҷумҳурии Қазоқистон бошад, зиёда аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ сафари меҳнатӣ намуданд, ки аз он 228 нафарро занҳо ташкил дод.
Бояд зикр намуд, ки баҳисобгирии рафти шаҳрвандон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008   амалӣ карда мешавад.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ ба мамлакатҳои хориҷи кишвар 350 ҳазору 893 нафар шаҳрвандон сафар намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз кам мебошад. Аз ин теъдод 51 ҳазору 638 нафар занҳо мебошанд. Аз ҷумла, барои корҳои шахсӣ-15825 нафар, тиҷорат-17249 нафар, саёҳат-7014 нафар ва сафари хизматӣ-891 нафар сафар намуданд.
Дар ин муддат шумораи аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан баргаштагон 160 ҳазору 434 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз кам мебошад. Аз ин шумора 31 ҳазору 426 нафар занҳоянд.
Айни замон аз кишвари Федератсияи Русия ба ҷойҳои зисти худ 155 ҳазору 159 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ баргаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 фоиз кам мебошад. Аз он 28 ҳазору 839 нафарро занҳо ташкил дод.
Аз Ҷумҳурии Қазоқистон бошад, ба ватан 5985 нафар шаҳрвандон баргаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 фоиз зиёд аст, зикр кард манбаъ.

Июль 12, 2016 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст