Тасмими ниҳоиро дар масъалаи ҳамроҳшавии кишвар ба ИИАО ҳукумат мегирад
Душанбе, 20.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаи ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё /ИИАО/ дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад»,-гуфт дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф афзуд, ки ин масъала дар маркази таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма ва дигар идораҳои марбутаи кишвар қарор дорад. Дар ин самт гурӯҳи коршиносон фаъолият доранд, ки дар ҳайати он намояндаи Хадамоти гумруки кишвар низ шомил мебошад ва зарфияти масъалаи ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба ин иттиҳоди иқтисодӣ ҳаматарафа таҳлил ва омӯхта мешавад.
Роҳбари мақомоти гумруки кишвар зикр намуд, ки тамоми маводи таҳлилӣ марбут ба паҳлуҳои ин масъала ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва тасмими ниҳоиро дар мавриди ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба ИИАО ҳукумати мамлакат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё соли 2010 таъсис дода шудааст. ИИАО, ки қаблан Иттиҳоди гумрукӣ номида мешуд, дар ҳайати худ панҷ кишвари собиқ шӯравӣ: Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистонро муттаҳид намудааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






