Театри Данғара 38 намоишномаро рӯи саҳна овардааст

Июль 12, 2016 11:19

Душанбе. 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ — драмавии ноҳияи Данғара дар  нимсолаи аввали  соли равон  мавриди баррасии ҳайати эҷодӣ қарор гирифта, натиҷаи он самарабахш арзёбӣ гардид.
Ҳунармандони  театр дар ин давра  дар маҷмӯъ 38 намоишномаро аз  рӯи асарҳои С. Айюбӣ «Лаҳади Абдулаҳад», Ш.Солеҳ «Шулук ва беваҳои террорист», Ҷ.Қуддус «Лаҳзае бо Аллома», А.Файзиев «Саргузашти се бӯзича» дар таҳияи  А.Қодирӣ ва ғайраҳоро  манзури зиёда аз 6 000 тамошобин намудааст.
Ҳамзамон, нахустнамоиши мазҳакаи  «Кампир ёбам дадаҷон?»-и Х.Хурсандов дар таҳияи Р.Одинаев баргузор гардида, асари «Зиндамаргон»и М.Ғойиб дар таҳияи М.Миров ба саҳна гузошта шудааст. Ҳайати эҷодии театр дар ин давра ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фархору  Рӯдакӣ сафари ҳунарӣ намуданд.

Июль 12, 2016 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад